Instagram post by @tajikistan_nash tajikistan_nash

МИЛИСАЕ, КИ ДАР ДУШАНБЕ ЯК ЗАНРО ЛАТУКӮБ КАРД БОЗПУРСӢ ШУДААСТ.
Сафарбек Сатторов, корманди Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гумони латукӯби як зани зоҳиран гирифтори бемории равонӣ, бозпурсӣ мешавад. Навори латукӯби ин зан рӯзи 21-уми март дар шабакаи Фейсбук нашр шуд.

Умарҷон Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Сафарбек Сатторов барои бозпурсӣ даъват шудааст. Ӯ ба тафтишоти ВКД гуфтааст, ки зан дар хиёбон дод мезад ва вақте хост, ӯро ором кунад, зан ба ӯ ҳамла кардааст ва аз ин рӯ дигар худашро идора карда натавониста, ба зан зарба задааст.

Ба қавли манбаъ, зане, ки навори лату кубаш аз сӯи корманди пулис ба Фейсбук роҳ ёфт Мадина Шамсоваи 33-сола, сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Сухангӯи ВКД тасдиқ кард, ки ҳолатии руҳии Шамсова хуб набуд ва ӯ таҳти табобат қарор дорад.

Дар Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пулис Сафарбек Сатторов барои ин амалаш ҳатман муҷозот мешавад, аммо чигунаии ҷазо баъд аз санҷиш муайян хоҳад шуд.

То ҳол дар робита ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст. Мақомоти ВКД мегӯянд, пас аз анҷоми пурраи тафтиш дар ин робита тасмим гирфита мешавад. Нашри навори лату куби зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокуниши корбаронро ба бор овардааст. Бисёре аз корбарон рафтори корманди милисаро маҳкум кардаанд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки ба таҳқиқи фаврии ҳодисаи латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса шуруъ кардаанд Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қазия фавран мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Ду навори кутоҳ аз латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса нисфирӯзии 21-уми март дар шабакаи Фейсбук нашр шуд. Дар навори аввал зан фарёд мезанад, ки "назан", вале нафаре бо либоси корманди милиса ва дар даст чубдасти ишоратии хоси кормандони БДА ба сару рӯйи зан чанд шаппот#islam #islam❤️ #ислам #tjk #tajikistan #tojik #tojikon #koran #точикистон#Канибадам #таджикистан🇹🇯 #мажорка#счастье #таджикистан🇹🇯 #душанбесити#сугд #хатлон #вахдат #курган #бадахшон#хисор #регар #7 #худжанд #ховалинг#ванч #шахритуз #дангара🇹🇯 #панчакент💙

12 Comments

  • 4w ago shmalik9009 shmalik9009

    🤮🤮🤮🤮 позор позор

  • 4w ago mavlon826 mavlon826

    Ayolkiwiniyam uradii ee oll milisa bomiy sandayam onang singlin boru

  • 4w ago 8888misha 8888misha

    Чиба хами млисохора срок нметан

  • 4w ago 8888misha 8888misha

    Бачои одамора нигох кунан хшон занакора мезанан ээ Аллох дузахтт куна омин

  • 4w ago subkhon697 subkhon697

    Бовари дорум и коригари орган ай вазифаш ронда меша.

  • 4w ago xm0018 xm0018

    Да дахануш гом

  • 4w ago nurov.a_ nurov.a_

    Тибқи иттилои ВУД, старшина Сатторов зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ки ин зан дар кӯча фарёд мекард. Маъмури милиса тавзеҳ додааст, ки ҳангоме хост, занро ором кунад, ин зан вайро задааст. Дар натиҷа Сатторов оташин шуда, сари хашм занро кӯфтааст. Расонаҳои Тоҷикистон аз қавли ВУД афзуданд, ки зоҳиран зан бемор буда, феълан барои ташхис равона шудааст.

  • 4w ago mukhibi_alloh mukhibi_alloh

    Вай тоба беинсоф хавай касалай касофат худо бзаната наход ки зана бзани бо ба дубинка беимон Иншооллох конун чозата метия

  • 4w ago muhammadsharif9494 muhammadsharif9494

    МАН ЯК ЧИЗРО.НАФАМИДАМ.МО ДАР ГАРИБИ КОРМАНДОНИ.МО.ДАС.МЕКАШАН.БА.МОДАРОНИ.МО.ЭЭЭЭЭ.МУРЕН.МУРЕН.ХАМИХЕЛ.МЕНМ.АГАР.МЕБДМ.АМУЧА.КАЛАТА.РАНГИ.МУРГ.МЕГИРИФТ.ИЛТИМОС

  • 4w ago muhammadsharif9494 muhammadsharif9494

    ИЛТИМОС КОРГАРОНИ.ДАВЛАТ.ИН.ДАЮСТО.ЧАЗОША.ДИХЕД.КАДОМЕ.БО.МАН.РОЗИ.ЛАЙК МОНЕН.ТОКИ.ДИГАРОН.БИНАН

  • 4w ago mukhibi_alloh mukhibi_alloh

    Ма фикр кардум ки и Дига давлатай боварим наомад ки точики хдмон амихе берахм боша ба точик ба зан панох бар Худо 🙏🙏🙏

  • 4w ago zabirova.nigora zabirova.nigora

    Агар ира суд накуне бо дига милиссо даст мезанан худо меташона ки занора таи хок кунан

Most Popular Instagram Hashtags